ваҷҳ

ваҷҳ
[وجه]
1. сабаб, далел, асос; аз ин ваҷҳ а) аз ин сабаб, аз ин рӯ, аз ин ҷиҳат; бинобар ин; б) аз ин хусус, дар ин бора; бе ҳеҷ ваҷҳ бесабаб, беҳуда, бе ягон асос; ваҷҳ гуфтан а) сабаб нишон додан; далел овардан; баҳона кардан; б) маҷ. ҳисобӣ кардан, (қарзро пардохта) ҳисобро баробар кардан
2. тавр, тарз, тариқа, тартиб; ба ваҷҳе ки… чи тавре ки…, тавре ки…; бар ваҷҳи зайл ба тариқи зайл, ба тартиби зерин; чунин
3. кит. пул, маблағ; ваҷҳи маош маблағ барои таъмини зиндагонии рӯзмарра, воситаи рӯзгузаронӣ
4. кит. сӯй, ҷониб тараф
5. рӯй, симо, чеҳра; ваҷҳи тамсия збш. пайдоиш ва баромади калима, сабаби чунин номида шудани чизе; решашиносӣ; ваҷҳи шаръӣ кҳн. далели қонунӣ аз рӯи шариат; аз ваҷҳи а) аз хусуси …, аз бобати…, дар бораи…, аз ҷиҳати…; б) барои…, ба хотири…; в) ба ивази…, ба бадали…; аз ҳар ваҷҳ аз ҳар ҷиҳат, ҳарҷониба, ҳаматарафа; ба ҳеҷ ваҷҳ ҳаргиз, асло

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»